Апрел 12, 2020 16:55 Asia/Dushanbe
  • Тадовуми эътирози парасторони Ню-Йорк ба камбуди таҷҳизоти муҳофизатӣ

Теъдоде аз парасторон ва кадри дармонии бемористонҳо ва марокизи дармонии Ню-Йорки Амрико бори идигар ба камбуди ниқоби пизишкӣ эътироз карданд.

Шабака  хабарии Russia Today гузориш дод, гурӯҳе аз парасторон ва кадри дармонии бемористонҳо ва марокизи дармонӣ дар шаҳри Ню-Йорки Амрико, рӯзи шанбе бо таҷаммӯъ дар баробари маҳалли кори худашон, дар ҳоле шамъ равшан карда буданд, ба камбуди ниқоби пизишкӣ барои парасторон эътироз карданд.

Шуморе аз ин парасторон плакатҳое дар даст доштанд, ки рӯи онҳо навишта буд: "Мо барои зиндагӣ меҷангем".

Тереза Каравало, яке аз парасторони мӯътаризи шаҳри Ню-Йорк гуфт, набояд дар бораи ин, ки чӣ касе бояд ниқоби пизишкӣ дарёфт бикунад ва чӣ касе дарёфт накунад, тасмимгирӣ бишавад. Ин иқдом ва тасмими зиддиинсонӣ аст.

 

Барчасп