Апрел 13, 2020 09:19 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши шумори ҷонбохтагони корона дар Туркия ба 1198 нафар

Вазири беҳдошти Туркия якшанбешаб эълом кард: Шумори қурбониёни бархоста аз вируси корона дар ин кишвар ба 1198 нафар расидааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Фахриддин Коҷа ҳамчунин аз сабти 4 ҳазору 789 мавриди ҷадиди ибтило ба вируси корона дар ин кишвар тай 24 соати гузашта хабар дод ва хотирнишон кард: То кунун 56 ҳазору 965 нафар дар Туркия ба ин вирус мубтало шудаанд.

Суръати ҳамагирии вируси корона дар Туркия дар рӯзҳои ахир шиддат гирифтааст.

Давлати Туркия бомдоди шанбе барои муқобила бо шуюи вируси корона дар ин кишвар 48 соат карантини иҷборӣ дар саросари Туркия эълом кард.

Давлати Туркия ҳамчунин дар чорчуби тадбирҳои муқобила бо корона хуруҷи афроди болои 65 сол ва камтар аз 20 сол аз манзилашонро мамнуъ кардааст.

Дар ҳамин ҳол вазири дороии Туркия якшанбешаб бо интиқод аз амалкарди бонкҳои хусусии ин кишвар хостори ҳамроҳии онҳо дар замони ҳассоси шуюи вируси корона дар Туркия шуд.

Берат Албайрак аз бонкҳои хусусии ин кишвар хост ба мардуми осебдида аз пайёмадҳои иқтисодии вируси корона кумак кунанд.

 

Барчасп