Таъкиди Лавров бар худкифоии Русия ба рағми таҳримҳо
https://parstoday.ir/tg/news/world-i52705-Таъкиди_Лавров_бар_худкифоии_Русия_ба_рағми_таҳримҳо
Вазири умури хориҷаи Русия зимни таъкид бар худкифоӣ ва тавонмандии кишвараш дар шароити таҳримҳо эълом кард: Москав қасди дархости қатъи таҳримҳо аз Иттиҳодияи Аврупоро надорад.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Апрел 15, 2020 14:55 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Лавров бар худкифоии Русия ба рағми таҳримҳо

Вазири умури хориҷаи Русия зимни таъкид бар худкифоӣ ва тавонмандии кишвараш дар шароити таҳримҳо эълом кард: Москав қасди дархости қатъи таҳримҳо аз Иттиҳодияи Аврупоро надорад.

Ба гузориши ИРНО, Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия рӯзи сешанбе дар як нишасти видеоконфронсӣ таъкид кард: Мо борҳо эълом кардем, ки дар мавзӯи таҳрим гуфтугӯ намекунем. Агар Иттиҳодияи Аврупо ба ин натиҷа бирасад, ки ин шева беасар аст ва аз тасмимҳое, ки дар соли 2014 дар бораи Русия гирифтааст сарфи назар кунад маълум аст мо низ барои посухи мутақобил омода хоҳем буд.

Иттиҳодияи Аврупо дар соли 2014 се бастаи таҳримӣ алайҳ Русияро дар иртибот бо рухдодҳои Украина ва илҳоқи нимаҷзираи Қрим ба Русия тайи як ҳамапурсӣ иҷроӣ кард, ки аз он замон то кунун ин таҳримҳо тамдид шудаанд.

Вазири умури хориҷаи Русия дар бахши дигаре аз ин нишаст бо интиқод аз сиёсати кишварҳои ғарбӣ афзуд: Буҳрони ба вуҷуд омада бар асари шуюи корона бояд ба худпарастӣ ва васваса барои ҳалли мушкилоти худ бо зери по гузоштани манофеи дигар кишварҳо дар ҷаҳон поён диҳад.

Вазири умури хориҷаи Русия ҳамчунин тарҳи иддаоии хасорати молӣ алайҳи Чин аз сӯи бархе кишварҳо дар масъалаи шуюи коронаро ғайри қобили қабул хонд ва интиқоди Иттиҳодияи Аврупо аз Русия ба хотири кумак ба Италия барои муқобила бо шуюи коронаро намунае аз русситезӣ тавсиф кард.

Ҷозеп Борел, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо ба тозагӣ эълом кард, ки Русия ва Чин барои тақвияти мавқеияти геополотикии худ дар ҷаҳон ба Италия кумак мекунанд