Апрел 15, 2020 15:05 Asia/Dushanbe
  • Муқобила бо Корона ; чолишҳои набардии ҷаҳонӣ барои наҷоти ҷони инсонҳо

Ба хатар андохтани саломати мардум барои ҳадафҳои сиёсӣ на танҳо ғайри қонунӣ,балки ваҳшиёна аст.

Беш аз пансаду панҷоҳ нафар аз пизишкон ва мутахасисон ва мутахасисон узви Созмони низоми пизишкии ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи сешанбе дар номае ба Дабири кули Созмони Милалли Муттаҳид, бо баёни ин воқеъият ба идомаи раванди сиёсати таҳрими Амрико дар баробари миллати Эрон эътироз карданд.

Пизишкон ва мутахасисони узви Созмони низоми пизишкии Эрон дар ин нома хитоб ба Антонио Гутерреш Дабири кули Созмони Милалли Муттаҳид навишт ; зиёни инсонӣ ва иқтисодии ноши аз густариши бемории Карона дар Эрон бо болотарин мизони таҳримҳо муқорун шуда, аз ин рӯ ба хатар андохтани саломати мардум барои ҳадафҳои сиёсӣ на танҳо ғайри қонунӣ,балки ваҳшиёна аст.

 Ҷидоли Эрон бо вируси Карона шадидтар аз бисёре аз кишварҳо аст чаро,ки иқтисоди Эрон дар ду ҷабҳаи таҳримҳои Амрико аз яксу ва осебҳои ноши аз шуюи вируси Карона, аз суи дигар меҷангад.

Агарчи Эрон дар тангно ва сахтӣ аст аммо ба рағми таҳримҳои Амрико ; бо такя ба манбаъҳои инсонӣ ва илмӣ ва кумаки бархе кишварҳо, пешрафти чашмгире дар муқобила бо вируси Карона доштааст.

 Киёнуши Ҷаҳонпур сухангуи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон рӯзи сешанбе бо ишора ба ибтилои 74 ҳазору 877 нафар дар кишвар ба вируси Карона эълом кард ; то кунун 48 ҳазору 129 нафар аз ин беморон, беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мурахас шудаанд. Бо ин ҳол аз замони шуюи ин бемори дар Эрон то кунун 4 ҳазору 683 нафар ҷони худро аз даст додаанд.

Сукут ва инфиол дар муқобили якҷонибаргароии Амрико иқдоме аст,ки ба зиёни ҳамаи кишварҳост.

Дар шароите,ки вируси Карона ҳамаи ҷаҳонро фарогирифтааст ; ҳар қдоме,ки ин набарди ҷаҳониро тазъиф кунад ва моне аз пешрафт дар маҳори он шавад ; сурати шуюи ин вирусро афзоиш хоҳад дод.

Исрор бар идомаи таҳримҳои Амрико,ки мушкилотеро дар заминаи дастёбии Эрон ба дору ва таҷҳизоти пизишкии мавриди ниёз барои дармони беморон ва пешгири аз шюи он эҷод карда ; масалае аст,ки бояд дар сатҳи байналмилаллӣ пайгири шавад.

Ончики дар номаи пизишкони эронӣ хитоб ба Дабири кули Созмони Милалл бар он таъкид шудааст, ёдовари зарурати амал ба як масулияти ҷаҳонӣ аст ва аз Созмони Милалл мехоҳад ,ки ба масулияти худ амал кунад ва дар баробари таҳримҳое,ки ба миллионҳо эронӣ осеб мерасонад, биистанд.

 Мақомҳои Амрико иддаъо мекунанд,ки кумакҳои башардӯстона ва пизишкӣ маоф аз таҳримҳо ҳастанд, дар ҳоле,ки Дидабони ҳуқуқи башари Созмони Милалл эълом карда,ки қавонини Амрико бар дастрасии Эрон ба таҷҳизоти муҳим аз қабили дастгоҳи оксижени маснуъӣ, Си Ти Эскан ва таҷҳизоти зидди уфуникунанда асар гузоштааст.

 Оливер  Вендикастелӣ Olivier Vandecasteele   мудири Созмони кумакрасонии байналмилаллӣ вижаи Эрон ,ки дафтарҳои аслии он дар Лондон ва Вашингтон Ди Си аст дар гуфтугу бо хабаргузории Осушитедпррес мегуяд, яке мушкилоти кумакрасонии байналмилаллии шафофсозии масоили ҳуқуии марбут ба таҳримҳо ҷиҳати итминон аз вуруди лавозими пизишкӣ ва доруҳо ба Эрон аст.

Онгуна,ки  Муҳаммад Ҷавод Зариф вазири умури хориҷаи Эрон дар ТВИТТЕР навишт ; бемории Кувиди -19 фурсате барои Амрико буд то эътиёди худ ба таҳримҳоро тарк кунад ; ба ҷои он Амрико дар зеҳни мардуми Эрон бадном боқӣ хоҳад монд.