Интиқоди Гутерриш аз таваққуфи кумакҳои Амрико ба Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ
Дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид гуфт: Дар ин шароит набояд кумакҳои молии ин созмон ё ҳар ниҳоди дигаре, ки барои муқобила бо корона талош мекунад, қатъ шавад.
Ба гузориши рӯзи чаҳоршанбеи хабаргузории Фаронса, Антонио Гутерриш- дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид афзуд: Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ бояд мавриди ҳимоят қарор гирад, зеро ин созмон дар хатти муқаддами талошҳои ҷаҳонӣ дар набард бо бемории КОВИД- 19 қарор дорад.
Дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид, рӯзи 8 апрел низ ба интиқодҳои Амрико аз Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ вокуниш нишон дода ва ёдоварӣ карда буд, ки ин созмон бо ҳазорон корманд дар хатти муқаддами муқобила бо вируси корона аст.
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, рӯзи сешанбе аз қатъи кумакҳои Вашингтон ба Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ хабар дод ва гуфт: Ба давлат дастур додааст дар бораи нақши Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар сӯимудирияти шадид ва сарпӯш гузоштан бар раванди густариши вируси корона таҳқиқ кунад.
Трамп ҳамчунин гуфт: Амрико ба унвони таъминкунандаи молии аслии ин созмон бар посухгӯии комил муртабит бо яке аз хатарноктарин ва пурҳазинатарин тасмимоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ бар асоси мухолифат бо иҷроии маҳдудиятҳои мусофиратӣ аз Чин ва дигар кишварҳо таъкид мекунад.
Раиси ҷумҳури Амрико, ки ба шиддат бобати наҳваи мудириташ дар хусуси густариши вируси корона мавриди интиқод қарор гирифта пештар низ мудирияти Созмони умумиҷаҳонии тандурустиро ҳамсӯ бо сиёсатҳои Пекин хонда буд дарҳоле, ки мақомот чинӣ ба шиддат ин мавзӯъро такзиб карданд.