Апрел 19, 2020 19:54 Asia/Dushanbe
  • Путин: Коронавирус таҳти назорат аст

Раисҷумҳури Русия гуфт, вазъияти хурӯҷи коронавирус дар ин кишвар таҳти назорат аст.

Ба гузориши Спутник, Владимир Путин, раисҷумҳури Русия рӯзи якшанбе дар баёнияе эълом кард, ки вазъияти хурӯҷи коронавирус дар ин кишвар таҳти назорат аст ва Маскав бар тамомии чолишҳо бо сарбаландӣ пирӯз хоҳад шуд.

Путин афзуд, мардуми Русия бо ҳар сатҳе аз қудрат ва ба шакле пӯё, муназзам ва масъулона дар талош ҳастанд, ки бо ҳамагирии бемории короавирус муқобила кунанд.

Владимир Путин талошҳои анҷомшуда ҷиҳати муқобила бо коронавирус дар ин кишварро таҳсин кард ва гуфт, бо ин, ки шумори ибтилои рӯзона дар ҳоли афзоиш аст, миллати Русия ба таври фаъолона дар ҳоли мудирияти ин таҳдид ҳастанд.

 

Барчасп