Апрел 20, 2020 09:32 Asia/Dushanbe
  • Эронҳросии Трамп барои муқобила бо Байден

Раиси ҷумҳурии Амрико бори дигар муддаӣ шуд, ки Ҷон Керри (вазири собиқи умури хориҷаи Амрико) монеъи расидани тавофуқ бо Эрон аст ва гуфт: Эҳтимолан мунтазиранд то Байден интихоб шавад то тавофуқи худашонро дошта бошанд, аммо ин равиш дар бораи ман амалӣ нест.

Ба гузориши ИРНО,  Доналд Трамп асри якшанбе дар нишасти хабарии рӯзонаи худ дар бораи корона ҳамчунин бидуни ишора ба терроризми иқтисодии худ алайҳи мардуми Эрон, муддаӣ шуд: Агар Эрон ба кумак ниёз дошта бошад, мойилам ин корро анҷом диҳам.

Трамп, ки худ монеъи ҷиддӣ дар таъмини ниёзҳои нахустини кишварҳо барои муқобила бо корона будааст, афзуд: Агар Эрон ба кумак ва дастгоҳи танаффус ниёз дошта бошад, ҳозирем ин дастгоҳро дар ихтиёрашон қарор диҳем.

Изҳороти бепоя ва асоси Трамп дар ҳоле аст, ки Муҳаммадҷаводи Зариф- вазири умури хориҷаи Эрон дар посух ба иддаои Трамп барои ирсоли дастгоҳи танаффус ба Эрон эълом кард: Ҷумҳурии исломӣ аз чанд моҳи оянда, дастгоҳи танаффус содир мекунад.

 

Барчасп