Пазириш нашудани модарони бордори мусулмон дар бемористонҳои Ҳиндустон
Манобеи расонаӣ хабар доданд, ба дунболи худдории бемористонҳои Ҳинд аз пазириши модарони мусулмони бордор, ин занон фарзандони худро аз даст медиҳанд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоӯи хабарии Нюзланд Геролд, як зани мусулмони ҳиндӣ барои дарёфти кӯмакҳои дармонӣ ба беморитоне дар шаҳри Ҷамшедпури вилояти Ҷорканди ин кишвар рафт, аммо масъулони бемористон ӯро роҳ надоданд.
Ба думболи худдории ин бемористон аз кумак ба Ризвоно хотун фарзанди ин зани мусулмони си сола сиқт шуд.
Ин модар, ки дучори хунрезӣ шуда буд, худро ба бемористон расонд, аммо ба ҷои муолиҷа мавриди зарбу шатм қарор гирифт ва аз бемористон ихроҷ шуд.
Баҳонаи рафтори зиддиинсонӣ бо зани бордори ҳиндӣ ин буд, ки ӯ вируси корона дорад.
Моҳи гузаштаи мелодӣ ҳам як навзоди мусулмони ҳиндӣ ба далели худдории бемористони давлатии минтақаи Братпури Роҷистон аз пазириши модараш ҷон дода буд.
Ин иқдомоти зиддиинсонӣ дар ҳоле анҷом мегирад, ки пас аз ин бархе ҳамҳизбиҳои Норандра Моди нахуствазири Ҳинд дар ҳизби ҳокими Бхарата Ҷаната мусулмононро муқассири шуюи корона дар ин кишвар дониста буданд.
Ҳамзамон бо ин изҳороти назарҳо дар Ҳинд ва афзоиши шумори мубталоёни карона дар ин кишвар, табъизҳо алайҳи мусулмонони ҳиндӣ низ шиддат ёфтааст.
Бемористон дар иёлоти Уттар Прадеш изҳор дошт, ки мусулмононро бидуни санҷиши манфии корона қабул намекунад, аммо қабули ҳиндуҳо ба санҷиши корона шарт нест.
Тибқи гузоришҳо дар бемористонҳои иёлоти Телангана ҳам аз пазириши мусулмонон ҷулугирӣ мешавад.