Апрел 23, 2020 17:37 Asia/Dushanbe
  • Дархости 9 кишвар аз СММ барои иқдом дар баробари Амрико

9 кишвари ҷаҳон аз ҷумла Эрон дар номае ба комиссариёи ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид дар Женева хостори иқдоми ин ниҳоди байналмилалӣ барои рафъи таҳримҳои Амрико  шуданд.

Ба гузориши шабакаи Ал Маёдин, намояндагони 9 кишвар шомили Эрон, Русия, Чин, Сурия, Венесуэла, Куба, Зимбобуа, Кореяи Шимолӣ ва Никарагуа, дар номае ба комиссарёияи ҳуқуқи башари СММ, хостори поёни таҳримҳои Амрико шуданд.

Дар ин нома омадааст, ин ниҳод, ки зермаҷмӯаи СММ фаъолият мекунад, бояд фавран дар ҷиҳати поёни таҳримҳо, ки барои миллионҳо нафар аз сокинони ин кишварҳо хатарофарин аст, иқдом кунад.

Кишварҳои имзокунандаи ин нома таъкид карданд, ки маҳдудиятҳои молӣ, бонкӣ ва таҳримҳои иқтисодӣ, кишварҳоро аз дастёбӣ ба даромадҳои хеш боздоштааст.

Моҳи пеш низ Русия, Чин, Сурия, Куба, Никарагуа, Кореяи Шимолӣ, Венесуэла ва Эрон номаи муштаракеро ба Антониу Гутерриш, дабири кулли СММ, ирсол карда ва аз ӯ хостанд, ки рафъи таҳримҳои якҷонибаи Амрико бар Эронро, ки монеи мубориза бо шуюи вируси короно шудааст, хостор шавад.

Теъдоде аз қонунгузорони амрикоӣ, аз ҷумла сенаторҳо Берни Сандерс ва Элизабет Уоррен бо ирсоли номае ба вазоратхонаҳои хориҷа ва хазонадории ин кишвар, хостори коҳиши таҳримҳои Эрон дар буҳбуҳаи шуюи корона шуда буданд.

Таҳримҳои якҷонибаи Амрико, алайҳи Куба ва Эрон ба рағми шуюи вируси короно ҳамчунон идома дорад ва дархостҳои байналмилалӣ барои иҷтиноб аз ин сиёсати хасмона, токунун натиҷае надоштааст.

 

Барчасп