Апрел 25, 2020 11:14 Asia/Dushanbe
  • Захмӣ шудани 4 пулис бар асари инфиҷори бомба дар Афғонистон

Бар асари инфиҷори бомба дар шимоли Афғонистон, 4 пулиси ин кишвар захмӣ шуданд.

Мунир Раҳимӣ, сухангӯи фармондеҳи пулиси вилояти Самангон дар шимоли Афғонистон гуфт, баъд аз зӯҳри рӯзи ҷума бомбае дар фармондеҳии пулиси фурӯдгоҳи шаҳристони Дараисуфи ин вилоят мунфаҷир шуд ва ин 4 нафар пулиси афғон захмӣ шуданд.

Бархе манобеи маҳаллии Афғонистон аз кушта шудани як нафар ва захмӣ шудани се нафар хабар доданд.

То кунун фард ё гурӯҳе масъулияти ин инфиҷори террористиро бар ӯҳда нагирифтааст.
 

Барчасп