Апрел 25, 2020 18:02 Asia/Dushanbe
  • Русия Эрон ва Амрикоро ба хештандорӣ даъват кард

Муовини вазири умури хориҷаи Русия бо ибрози нигаронӣ аз танишҳои ба вуҷуд омада дар Халиҷи Форс миёни Теҳрон ва Вашингтон, ду тарафро ба хештандорӣ даъват кард.

Ба нақл аз ИРНО, Сергей Риябков рӯзи шанбе афзуд: Русия нигарони таҳдидҳои Амрико алайҳи Эрон дар Халиҷи Форс аст чаро, ки Амрико иқдомоти яктрфаашро дифоъ аз худ тафсир мекунад.

Раиси ҷумҳури Амрико чанд рӯз пеш дар ҳисоби Твиттери худ қаиқҳои эронӣ дар Халиҷи Форсро таҳдид ба нобудӣ карда буд.

Вай навишт, ки ба неруи баҳрии Иёлоти Муттаҳида дастур дода ҳамаи қаиқҳои ҷангии Эронро дар сурати эҷоди музоҳимат барои шиноварҳои амрикоӣ дар дарё, ҳадаф қарор дода ва нобуд кунанд.

Ин дар ҳоле аст, ки неруи баҳрии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ рӯзи якшанбеи гузашта дар иттилоияе бо радди хабари эҷоди музоҳимати қаиқҳои сипоҳ барои новҳои амрикоӣ эълом кард шавоҳид ва мадорик, хилофи иддаои амрикоиҳо аст ва Эрон ҳаргуна хатои муҳосиботиро қотеъона посух медиҳад.

 

Барчасп