Амал ба тавсияи пизишкии Трамп даҳҳо нию-йоркиро равонаи бемористон кард
Шуморе аз шаҳрвандони нию-йоркӣ ба хотири истифода аз маводди зиддиуфуникунанда барои муқобила бо вируси корона дучори масмумият ва равонаи бемористон шуданд.
Ба нақл аз пойгоҳи интернитии MSN, маркази контроли сумуми Вазорати тандурустии Амрико дар Нию-Йорк рӯзи шанбе ба вақти маҳаллӣ эълом кард: Аз соати 9 субҳи рӯзи панҷшанбе то соат 15-и рӯзи ҷумъа, 30 нафар ба хотири масмумият бо маводди зиддиуфуникунанда ба бемористон муроҷиа карданд.
Ин марказ афзуд: Аз ин афрод 9 нафар бар асари масрафи лайзол, ки навъе поккунандаи қавии сатҳ аст, 10 маврид дар асари масрафи маводди сафедкуннда ва 11 маврид бар асари маводди поккунандаи хонагӣ дучори масмумият шуда буданд.
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико рӯзи панҷшанбе дар нишасти хабарии худ пурсида буд, ки оё роҳе ҳаст то битавон маводди зиддиуфуникунандаро ба дохили бадан тазриқ кард ё бо он рияҳоро шустушӯй дод?
Шумори зиёде аз мақомоти Вазорати тандурустӣ ва пизишкони Амрико билофосила ин пешниҳоди Трампро хатарнок донистанд ва аз мардум дархост карданд ба ҳеҷ унвон чунин равишҳоеро имтиҳон накунанд.
Трамп дар ҷаласаи рӯзи ҷумъа муддаӣ шуд, ки пешниҳодаш дар бораи истифода аз маводди зиддиуфуникунанда шухӣ будааст.