Талоши Амрико барои беҳбуди равобит бо Русия
Сарони Амрико ва Русия ба муносибати 75-умин солгарди ҳамкории нерӯҳои низомии ду кишвар барои шикасти нозиҳо дар Ҷанги Ҷаҳонии Дуввум бар ҳамкорӣ бо якдигар таъкид карданд.
Бино бар эъломи Кохи Сафед, ки барои коҳиши таниш бо Кремл талош мекунад, дар ибтидои баёнияи муштараки руасои Ҷумҳурии Амрико ва Русия омадааст:
25 апрели 2020, 75-умин солгарди дидори таърихии байни низомиёни амрикоӣ ва шӯравӣ аст ва онҳо дар инт таърих, рӯи пули осебдидаи рӯдхонаи Элба бо ҳам даст доданд. Ин рӯйдод баёнгари шикасти қатъии режими нозӣ буд.
Доналд Трамп ва Владимир Путин, ки бар асоси масоили мухталифе, бахусус масъалаи Украина рӯ дар рӯи якдигар қарор доранд, дар ин баёнияи муштарак хотирнишон карданд:
Рӯҳи Элба намунае аст, ки чи тавр кишварҳо метавонанд ихтилофотро канор бигзоранд, эътимодсозӣ кунанд ва барои ҳусул ба як ҳадафи бузургтар бо якдигар ҳамкорӣ кунанд.