Вокуниши Толибон ба гузориши БМТ дар бораи куштори ғайринизомиёни афғон
Апрел 27, 2020 19:15 Asia/Dushanbe
Гуруҳи Толибон дар вокуниш ба гузориши дафтари БМТ дар Афғонистон дар бораи куштори ғайринизомиён эълом кард, ин дафтар бар ҷиноёти Америка дар Афғонистон сарпуш гузоштааст.
Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, Забеҳулло Муҷоҳид сухангӯи гуруҳи Толибон имрӯз гуфт: бештари талафоти ғайринизомиёни Афғонистон бар асари бомбаборони куркурона, ҳамалоти мушакӣ ба рустоҳо аз тарафи артиши Амрико буда, ки дар гузориши дафтари намояндагии БМТ ба ин маворид ишорае нашудааст.
Дафтари маъмурияти БМТ дар Афғонистон имрӯз дар гузорише эълом кард: дар се моҳи нахусти соли ҷории мелодӣ 533 ғайринизомии афғон, аз ҷумла 150 кӯдак кушта 760 ғайринизомии дигар захмӣ шуданд.