Вокуниши Толибон ба гузориши БМТ дар бораи куштори ғайринизомиёни афғон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i53095-Вокуниши_Толибон_ба_гузориши_БМТ_дар_бораи_куштори_ғайринизомиёни_афғон
Гуруҳи Толибон дар вокуниш ба гузориши дафтари БМТ дар Афғонистон дар бораи куштори ғайринизомиён эълом кард, ин дафтар бар ҷиноёти Америка дар Афғонистон сарпуш гузоштааст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Апрел 27, 2020 19:15 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Толибон ба гузориши БМТ дар бораи куштори ғайринизомиёни афғон

Гуруҳи Толибон дар вокуниш ба гузориши дафтари БМТ дар Афғонистон дар бораи куштори ғайринизомиён эълом кард, ин дафтар бар ҷиноёти Америка дар Афғонистон сарпуш гузоштааст.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, Забеҳулло Муҷоҳид сухангӯи гуруҳи Толибон имрӯз гуфт: бештари талафоти ғайринизомиёни Афғонистон бар асари бомбаборони куркурона, ҳамалоти мушакӣ ба рустоҳо аз тарафи артиши Амрико буда, ки дар гузориши дафтари намояндагии БМТ ба ин маворид ишорае нашудааст.

Дафтари маъмурияти БМТ дар Афғонистон имрӯз дар гузорише эълом кард: дар се моҳи нахусти соли ҷории мелодӣ 533 ғайринизомии афғон, аз ҷумла 150 кӯдак кушта 760 ғайринизомии дигар захмӣ шуданд.