Тараддуди васоили нақлия, мавзӯи нишасти вузарои ҳамлу нақли кишварҳои туркзабон
(last modified Sat, 02 May 2020 08:26:04 GMT )
Май 02, 2020 13:26 Asia/Dushanbe
  • Тараддуди васоили нақлия, мавзӯи нишасти вузарои ҳамлу нақли кишварҳои туркзабон

Вузарои ҳамлу нақли кишварҳои туркзабон, дар нишасти видеоӣ, вазъияти тараддуди васоили нақлия дар паи хурӯҷи коронавирусро баррасӣ карданд.

Ба нақл аз Форс, вузарои ҳамлу нақли кишварҳои туркзабон, дар нишасти видеоӣ, мавзӯи имкони тараддуди бидуни вақфаи васоили нақлия дар паи хурӯҷи коронавирусро баррасӣ карданд.

Ин нишаст дар чорчӯби ибтикори Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбакистон баргузор шудааст.

Дар ин нишасти видеоӣ вузарои ҳамлу нақли кишварҳои Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия, Узбакистон, Маҷористон ва ҳамчунин дабири кулли Шӯрои кишварҳои туркзабон ширкат карданд.