Май 02, 2020 17:21 Asia/Dushanbe
  • Қатъномаи оташбаси ҷаҳонӣ тасвиб нашуд

Ҳамагирии вируси корона ва бемории КОВИД19 ва шароити изтирории кунунӣ, зарурати афзоиши ҳамбстагии ҷаҳониро аз зарурате ду чандон бархурдор карда ва дар ин росто Созмони Миллал хоҳони поён додан ба даргириҳо дар нуқоти мухталифи ҷаҳон шудааст.

Шурои амнияти Созмони Миллал ба далели ихтилоф миёни Амрико ва Чин натавонист қатъномаи дархости як оташбаси инсонии 90 рӯза дар саросари ҷаҳон бо таваҷҷуҳ ба идома ёфтани шуйюи коронаро тасвиб кунад. Антонио Гутерриш- дабири кулли Созмони Миллал беш аз як моҳ аст, ки барои баргузории ҳамапурсӣ дар бораи ин қатънома фишор ворид мекунад. Вай муътақид аст, ки тамомии ҷангҳо дар саросари ҷаҳон бояд мутаваққиф шаванд то битавон бо вируси корона муқобила кард. Ба гуфтаи Гутерриш, ҷаҳон акнун бо душмани муштараке ба номи корона мувоҷеҳ аст, ки аҳамияте ба миллият, қавмият, ҷиноҳ ё ҳеҷ эътиқод ва боваре намедиҳад ва бедаранг ҳамаро ҳадаф қарор медиҳад. Вай хоҳони барқарории ҳар чи сареътари оташбас дар манотиқи мухталифи даргирӣ дар ҷаҳон аст.

Ихтилофи назар миёни Амрико ва Чин дар бораи зикри номи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар ин қатъномааст, ки имкони тасвиби сареъи онро аз сӯи Шурои амният надодааст. Чин бар овардани номи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар ин қатънома таъкид мекунад, дар ҳоле, ки Амрико мухолифи он аст. Ин қатънома, ки тавассути Фаронса ва Тунис таҳия шуда тайи чанд ҳафтаи гузашта мавриди баҳс буда ва хостори як оташбаси инсонии 90 рӯза бо ҳадафи кумак ба мардуми осебпазири гирифтор дар ҷангҳои саросари ҷаҳон аз ҷумла дар Афғонистон ва Яман аст. Як дипломат дар ин бора гуфт: Ин як бунбасти бузург аст ва ҳеҷ кадом аз тарафҳо аз мавзеаш ақибнишинӣ намекунад. Мо дарҷо задаистодем.

Масъалаи зикри номи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ танҳо як масъалаи ҷонибӣ дар пешнависи ин қатънома бо меҳварияти ҳимоят аз оташбас барои ҳудуди 20 минтақаи ҷангӣ дар саросари ҷаҳон ба ҳисоб меояд. Дар ҳоли ҳозир дар ин қатънома қисмате, ки марбут ба зикри номи ин ниҳоди байналмиллалӣ аст холӣ монда ва таклифи он дар поёни музокирот мушаххас мешавад. Ҳар чанд ироакунандагони ин қатънома метавонанд аз зикри номи ин ниҳоди байналмиллалӣ дар он чашмпушӣ кунанд, аммо дар идома Чин бо ҳимояти Русия мумкин аст аз ҳаққи ветои худ алайҳи он истифода кунад. Ба вижа ин ки Пекин борҳо аз нақши мусбати Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар мубориза бо корона қадрдонӣ карда дар ҳоле, ки Вашингтон рӯйкарде комилан бархилофи он дорад.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико шадидан аз амалкарди Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар қиболи шуйюи вируси корона интиқод карда ва шаффофияти ин созмон дар қиболи бемории КОВИД19-ро зери савол бурда ва дар идома кумакҳои кишвараш ба ин созмонро низ қатъ кардааст. Трамп, ки дар ҳоли ҳозир дар маърази интиқодҳои густурда ба далели бархурди содда ингорона бо вируси корона ва адами иттихози омодагиҳои лозим барои муқобила бо ин беморӣ қарор гирифтааст, Созмони умумиҷаҳонии тандурустиро ба таъхир дар иттилоърасонии ба мавқеъ барои контроли шуйюи бемории корона, пинҳонкорӣ ва нокоромадии амалкард муттаҳам кардааст. Бо ин ҳол ин иддаоҳо харидоре надорад ва мардуми Амрико вайро масъули вазъияти буҳронии кунунӣ медонанд. Трамп ҳамчунин дар заминаи ҳамагирии корона ангушти иттиҳомро мутаваҷҷеҳи Чин кардааст. Трамп, ки собиқаи деринае дар фирор аз масъулият ва муқассир ҷилва додани дигарон барои рафъи иттиҳом аз худ дорад, акнун талош мекунад то корзори зидди чиниро дар ҷаҳони ғарб ба роҳ баияндозад то бад-ин тартиб Пекинро масъули тамоми иттифоқоти ногуворе қаламдод кунад, ки акнун дар ҷаҳони ғарб ба вижа Амрико дар заминаи корона дар ҳоли вуқуъ аст ва Пекинро мукаллаф ба пардохти хасорати зиёде намояд.

Ҳар чанд Антонио Гутерриш, дабири кулли Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ аз барқарории оташбаси ҷаҳонӣ ҷиҳати тасҳили мубориза бо корона ҳимоят карда ва аз тарафҳои даргир дар мунозиоти минтақаӣ хоста то аз анҷоми иқдомоти хасмона худдорӣ карда ва беэътимодӣ ва душманиро канор бигузоранд. Бо ин ҳол монеаҳои зиёде дар ин замина ба вижа ба далели коршикании Амрико вуҷуд дорад. Бад-ин тартиб бо ин ки интизор мерафт, ки тайи рӯзҳои ахир ҳамапурсӣ дар бораи қатъномаи оташбаси ҷаҳонӣ анҷом шавад , бо ин ҳол анҷоми ҳамапурсӣ дар кутоҳмуддат бо таваҷҷуҳ ба тадовуми ихтилоф миёни Амрико ва Чин ду аз зеҳн ба назар мерасад.

 

Барчасп