Май 03, 2020 08:54 Asia/Dushanbe

Мақомоти Канада нахустин бор дар моҳи мубораки Рамазон иҷоза доданд садои азон аз масоҷиди бархе шаҳрҳои ин кишвар пахш шавад.

Ба нақл аз хабаргузории Анатоли, мусулмонони шаҳрҳои Торонто, Эдмонтон, Оттава ва Ҳэмилтони Канада пас аз дархостҳои мукаррар аз мақомоти давлатӣ, иҷоза ёфтанд, ки аз оғози моҳи мубораки Рамазони имсол то поёни он, азонҳои зуҳр, аср ва мағрибро аз баландгӯҳои масоҷиди худ пахш кунанд.

Саид Туро, имоми ҷамоати масҷиди Мавнтейни шаҳри Ҳэмилтон рӯзи шанбе дар ин бора гуфт: Имрӯз як рӯзи таърихӣ барои мусулмонони Канада ба шумор меравад зеро нахустин бор аст, ки азон пахш мешавад ва ҳамсоягони мо метавонанд садои онро бишунаванд.

Туро афзуд: Мо иҷоза дорем азонро фақат дар тӯли моҳи мубораки Рамазон аз баландгӯҳои масоҷид пахш кунем, аммо талош мекунем баъд аз моҳи Рамазон ҳам ин кор идома ёбад.

Имоми ҷамоати масҷиди Мавнтейн ибрози умедворӣ кард масоҷиди дигар шаҳрҳои Канада низ иҷозаи пахши азонро дарёфт кунанд.

 

Барчасп