Истиқболи Созмони Ҳамкории Исломӣ аз гузориши девони байналмилалии кайфарӣ
https://parstoday.ir/tg/news/world-i53286-Истиқболи_Созмони_Ҳамкории_Исломӣ_аз_гузориши_девони_байналмилалии_кайфарӣ
Созмони Ҳамкории Исломӣ аз гузориши додситони кулли девони байналмилалии кайфарӣ (ICC) дар бораи ҳаққи фаластиниҳо барои ба муҳокима кашондани режими Исроил истиқбол кард.
(last modified 2025-09-23T05:42:19+00:00 )
Май 03, 2020 16:29 Asia/Dushanbe
  • Истиқболи Созмони Ҳамкории Исломӣ аз гузориши девони байналмилалии кайфарӣ

Созмони Ҳамкории Исломӣ аз гузориши додситони кулли девони байналмилалии кайфарӣ (ICC) дар бораи ҳаққи фаластиниҳо барои ба муҳокима кашондани режими Исроил истиқбол кард.

Ба нақл аз ИСНА, Созмони Ҳамкории Исломӣ бо истиқбол аз гузориши Фато Бенсуда, аз ҳаққи Фаластин, барои муроҷиа ба девони байналмилал, ба манзури бозхости режими саҳюнистӣ ва таҳқиқи адолат бар асоси қавонини байналмилалӣ ҳимоят кард.

Созмони Ҳамкории Исломӣ  ҳамчунин бар аҳамияти ин иқдом, ба далели нақши он дар ҳимоят аз ҳуқуқи мардуми Фаластин ва тақвияти эътибори низоми адолати байналмилалӣ таъкид кард.