Май 05, 2020 20:39 Asia/Dushanbe
  • Пизишки саршиноси америкоӣ иддаои Трампро рад кард

Пизишки саршиноси америкоӣ узви гуруҳи муқобила бо карона дар Америка иддаоҳои раиси ҷумҳурӣ ва вазири умури хориҷаи ин кишвар алайҳи Хитойро рад кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, доктор Антоний Фаучи узви коргуруҳи муқобила бо карона дар Кохи Сафед рӯзи сешанбе дар гуфтугӯ бо моҳномаи Нейшинол Географик гуфт: бар хилофи иддаои Доналд Трамп ва Майк Помпео, назарияи пайдоиши вируси карона дар яке аз озмоишгоҳҳои  Хитой мардуд аст.

Фаучи афзуд: беҳтарин шавоҳид нишон медиҳад, ки вируси омили ин бемории оламгир дар озмоишгоҳҳои Хитой сохта нашудааст. 

Узви коргуруҳи муқобила бо карона дар Кохи Сафед таъкид кард вируси карона дар табиат такомул ёфта ва сипас ба ҳайвонот сироят кардааст. 

Бо ин ҳол Трамп  исрор дорад, ки шавоҳиди маҳкамеро дар бораи мунташир шудани вируси карона аз муассисаи вирусшиносии Вуҳони Хитой дар даст дорад. 

Помпео вазири хориҷаи Америка низ муддаӣ шудааст, ки "шавоҳиди бузурге"-ро дар таъйиди назарияи Трамп мушоҳида кардааст.

Ҳеч яке аз ин ҷузъиёт шавоҳиди иддаоии худро ироя намекунанд. 

Барчасп