Май 06, 2020 18:52 Asia/Dushanbe
  • Путин дар камтарин мизони маҳбубияти мардумӣ

Путин камтарин мизони маҳбубияти мардумиро таҷриба мекунад.

Бино бар арзёбиҳои як маркази назарсанҷӣ, мизони маҳбубият ва мақбулияти Путин аз 63 дарсади моҳ пеш ба 59 дарсад дар моҳи апрел поён фаромада, ки камтарин мизон тайи ду даҳсолаи гузашта будааст.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз ИСНО, маркази назарсанҷии "Левада-Сентр" ҳушдор додааст, ки шояд тағйирот дар методологияи назарсанҷӣ то ҳадде бар натоиҷ таъсир гузошта бошад.

Ин назарсанҷӣ ба далели шароити карантин барои коронавирус ба сурати телефонӣ анҷом шуд, чизе, ки Денис Волков, муовини мудири маркази Левада муддаӣ аст метавонад байни 1 то 2 дарсад  дар натоиҷ асар бигузорад.

Волков мегӯяд: Ҳатто бо дар назар гирифтани ин дарсад, натиҷаи 61 дарсадӣ ба-дин маъне аст, ки мизони маҳбубияти Путин дар камтарин мизони худ аз соли 2013 яъне як соли пеш аз илҳоқи нимаҷазираи Қрим ба Русия қарор гирифтааст.

Путини 67 сола беш аз 20 сол аст, ки ба унвони раиси ҷумҳур ё нахуствазир қудратро дар Русия дар даст доштааст, аммо мушкилоти иқтисодии бархоста аз шуйюи коронавирус чолиши сиёсии ҷиддӣ барои ӯ эҷод кардааст.

Ба гуфтаи Левада ин назарсанҷӣ аз 24 то 27 апрел ва бо назарсанҷӣ аз 1608 нафар дар Русия анҷом шудааст.