Май 07, 2020 11:26 Asia/Dushanbe
  • Таъйиди тавофуқи ташкили давлати иттилофӣ дар додгоҳи режими Саҳюнистӣ

Додгоҳи Исроил тавофуқи ташкили давлати иттилофиро таъйид кард .

Ба нақл аз Исно, ба нақл аз шабакаи хабарии Алмаёдин, ин додгоҳ тавофуқи ташкили Кабинаи иттилофӣ миёни Натаняҳу, нахуствазири ин режим ,ки давраи раёсаташ ба поён расида ва Банӣ Гонтас, рақиби Ӯро таъйид кард.

Ҳамчунин додгоҳи режими Саҳюнистӣ райи худро каме баъд аз он эълон кард,ки Натаняҳу ва Гонтас дар баёнияе хабар доданд,ки давлати иттилофиашон 13 моҳи май чоршанбеи оянда савганд ёд хоҳад кард ва ба ин тартиб тулонитарин буҳрони сисёсӣ дар таърихи Исроил поён хоҳад ёфт.

Бар асоси гузориши расонаҳои ибрӣзабон , додгоҳи олии режими Саҳюнистӣ бо ин ҳукм, дархостҳо барои мумониат аз раёсати Натаняҳу барои ташкили Кабина, роҳи пеши рӯи Ӯ ва Гантес барои ташкили кабинаи фавқулодаро ҳамвор кард ва ин додгоҳ тавофуқи иттилофи давлатии Натаняҳу ва Гантесро ,ки ба тадвини қонуни нав ниёз хоҳад дошт, таъйид кард.