Май 10, 2020 10:02 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши шумори куштаҳои тазоҳуроти нон дар вилояти Ғури Афғонистон

Шумори куштаҳои тирпаронии неруҳои амниятӣ ба тазоҳуроти эътирозомез дар вилояти Ғури Афғонистон ба ҳафт нафар афзоиш ёфт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНО, даҳҳо тан аз мардуми бебизоати шаҳри Фирӯзкӯҳ, маркази вилояти Ғури Афғонистон рӯзи шанбе дар эътироз ба нотавонии мудирияти давлати Ашраф Ғанӣ дар кумакрасонӣ ба беморони КОВИД-19 ва хонаводаҳои ниёзманд, тазоҳурот карданд, ки бо хушунати неруҳои амниятӣ рӯбарӯ шуданд.

Як манбаи огоҳ дар шаҳри Фирӯзкӯҳ рӯзи шанбе дар гуфтугӯи телефонӣ бо ИРНО, гуфтааст ин шаҳрвандон ба пахш кардани  ноодилонаи маводди ғизоӣ ва нони хушк эътироз доштанд.

Ин манбаъ, ки хост номаш фош нашавад, афзуд, ки дар ин хушунат бо тирпаронӣ аз сӯи ду тараф, панҷ тан аз муътаризон ва ду полис кушта ва 19 муътариз ва 10 полис низ захмӣ шудаанд.

Пеш аз ин шумори куштаҳо ду нафар эълом шуда буд.

Гуфта мешавад як хабарнигори маҳаллӣ низ дар ин тазоҳурот кушта шудааст.

Давлати Афғонистон дар пайи гузоришҳо бар асоси фақри густурдаи бархоста аз густариши коронавирус  ва бекории мардум, иқдом ба тавзеи нони хушк карда, ки аз Кобул- пойтахти Афғонистон оғоз шуда ва ба сурати тадреҷӣ дар вилоятҳо густариш ёфтааст, аммо бархе шаҳрвандон аз фасод дар раванди тавзеи нони хушк ба мустамандон шикоят доранд.

Бар асоси оморҳои расмӣ, то кунун 31 нафар дар вилояти Ғури Афғонистон ба коронавирус олуда шудаанд, ки аз ин миён танҳо ду нафар беҳбуд ёфтаанд.

 

Барчасп