Май 10, 2020 17:28 Asia/Dushanbe
  • Мақоми афғон: Ҳодисаи хунини вилояти Ғур баррасӣ шавад

Муовини аввали раисҷумҳури Афғонистон баррасии ҳодисаи хунини дирӯз (шанбе) дар вилояти Ғури ин кишварро хостор шуд.

Амруллоҳ Солеҳ, муовини аввали раисҷумҳури Афғонистон бо ибрози таассуф аз кушта шудани гурӯҳе аз мӯътаризон дар вилояти Ғури ин кишвар, аз сервисҳои амниятии Афғонистон хост, зимни баррасии дақиқи мавзӯъ, ҷинояткоронро муаррифӣ кунад.

Вазорати кишвари Афғонистон ҳам бо таъкид бар расидагии фаврӣ ба ҳаводиси рӯзи шанбе дар вилояти Ғур эълом кард, дар миёни мӯътаризони устони Ғур,  афроди мусаллаҳи ғайримасъул ҳузур доштаанд.

Ба гузориши хабаргузории "Ориёно Нюз"-и Афғонистон, садҳо тан аз мардуми бебизоати шаҳри Фирӯзкӯҳи вилояти Ғур, дар маркази Афғонистон рӯзи шанбе дар эътироз ба нотавонии мудирияти давлат дар кӯмакрасонӣ ба мубталоёни коронавирус тазоҳурот карданд, ки ин таҷаммӯи эътирозӣ бо шиллики гулӯлаи нерӯҳои амниятӣ ба хушунат кашида шуд.

Дар паи ин ҳамла 7 нафар куштаву 19 нафари дигар захмӣ шуданд.

Гуфта мешавад, ду тан аз кушташудагон аз нерӯҳои пулис ҳастанд.