Май 11, 2020 11:26 Asia/Dushanbe
  • Шаҳрванди Ғано садҳо нафарро ба коронавирус олуда кард

Як шаҳрванди Ғано 533 нафарро дар ин кишвар ба коронавирус мубтало кардааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Рейтерз, Нана Акуфо-Аддо- раиси ҷумҳури Ғано рӯзи якшанбе гуфт: Як коргари корхонаи фароварии моҳӣ дар ин кишвар ҳудуди  ду ҳафта пеш ба танҳоӣ 533 нафарро ба коронавирус олуда кардааст.

Акуфо-Аддо афзуд: 533 мавриди мусбати коронавирус дар ин корхона баробари 11.3 дарсади кулли мубталоёни ин кишвар дар ду ҳафтаи гузашта будааст.

Мақомҳои беҳдоштии Ғано рӯзи ҷумъа шуйюи коронавирусро дар ин корхона эълом карда буданд, аммо хабаре аз ҷузъиёти он мунташир нашуда буд.

Бар асоси омори мунташиршуда, шумори мубталоён ба коронавирус дар Ғано акнун ба чаҳор ҳазору 700 маврид афзоиш ёфта, ки ин бештарин омор дар ғарби қорраи Африқо аст.

Дар Ғано то кунун 22 тан аз мубталоён ба коронавирус ҷон бохтаанд.