Сабти нахустин мавриди плазмадармонӣ дар Покистон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i53557-Сабти_нахустин_мавриди_плазмадармонӣ_дар_Покистон
Нахустин мавриди плазмадармонӣ дар шаҳри Карочии Покистон ба сабт расид.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Май 11, 2020 20:13 Asia/Dushanbe
  • Сабти нахустин мавриди плазмадармонӣ дар Покистон

Нахустин мавриди плазмадармонӣ дар шаҳри Карочии Покистон ба сабт расид.

Ба  гузориши радиои Садои Хуросон,пизишкони бемористон  дар шаҳр Карочии Покистон муваффақ шуданд нахустин мавриди дармони муассир аз тариқи плазмадармониро алайҳ вирус корона сабт кунанд. 
 
Ба гуфтаи манобеи хабарӣ, бемори мубтало ба вируси корона, ки таҳти плдазмадармонӣ қарор дошт٬ беҳбуд ёфта, тести короноии вай манфӣ шуд. 
 
 Доктор "Тоҳир Шамсӣ" раиси созмони бемориҳои хуни Покистон дар ин бора гуфт : доруи муташаккил аз плазмаи хуни беморе, ки қабланкоронаро гузаронда буд , ба ин бемор тазриқ шуда ва дар натиҷа вай беҳбуд ёфт ва тести короноияш манфӣ шуд. 
 
 Вазорат беҳдошти  Покистон 20 фарвардинмоҳи имсол муҷаввизи оғози фароянди намунабардорӣ аз афроде, ки пас аз ибтило ба вируси КОВИД-19 беҳбуд ёфтаандро содир кард.