Май 14, 2020 17:57 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Созмони Милал дар бораи бӯҳрони равонии ношӣ аз коронавирус

Созмони Милали Муттаҳид нисбат ба бӯҳрони равонии миллионҳо нафар, ки таҳти таъсири авориз ва табаоти хурӯҷи коронавирус қарор гирифтанд, ҳушдор дод.

Хабаргузории Фаронса рӯзи панҷшанбе гузориш дод: Антонио Гуттереш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар паёми видеоӣ эълом кард: Пас аз чандин даҳаи ғафлат аз хадамоти беҳдошти равонӣ, ҳамагирии коронавирус акнун бо эҷоди фишори равонии бештар, ба хонаводаҳо ва ҷомеа латма мезанад.

Гуттереш афзуд, ки ҳатто замоне, ки ин  ҳамагирӣ таҳти назорат дармеояд, ғам, нигаронӣ ва афсурдагӣ ҳамчунон афрод ва ҷомеаҳоро таҳти таъсир қарор хоҳад дод.

СММ дар гузорише тавҷеҳӣ эълом кард, ки дар моҳҳои оғозини ҳамагирии коронавирус, беҳдошт ва саломати физикӣ, аслитарин дағдаға буд, аммо инак масоили равонӣ фишори зиёде бар шумори зиёде аз ҷамъияти дунё ворид кардааст.

 

Барчасп