Май 16, 2020 10:50 Asia/Dushanbe
  • Чин: Амрико хурӯҷи коронавирусро тӯлонӣ мекунад

Намояндаи Чин дар Созмони Милали Муттаҳид Амрикоро ба талош барои тӯлонитар кардани мубориза бо коронавирус муттаҳам кард.

Ба нақл аз Форс, як дипломати чинӣ гуфт: Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо эҷоди монеаҳои тиҷорӣ, дунболи тазъифи иқтисоди дунё ва бо қатъи кӯмак ба Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, ба дунболи тӯлонӣ кардани амдии мубориза бо коронавирус аст.

Ванг Ун, намояндаи Чин дар Созмони Милали Муттаҳид ин изҳороти тундро дра нишасте бо ҳузури мақомҳои Созмони кишварҳои содиркунани нафт (OPEC) дар Вена матраҳ кард.

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико рӯзи панҷшанбе дар мусоҳибае бо шабакаи хабарии Fox Business, бо таҳдиди Чин ба қатъи комили равобит бо ин кишвар, танишҳои мавҷуд миёни Пекин-Вашингтонро ташдид кард.