Май 17, 2020 11:38 Asia/Dushanbe
  • Таниши давлати Афғонистон ва Амрико бар сари ҳамалоти Кобул ва Нангарҳор

Давлати Афғонистон пас аз таъкиди Залмай Халилзод, намояндаи вижаи Амрико дар умури Афғонистон мабни бар даст доштани ДИИШ дар ҳамалоти Кобул ва Нангарҳор ва табрааи Толибон, аз вай хост асноди худро дар ин иртибот ироа диҳад.

Сухангӯи дафтари Шӯрои амнияти миллии Афғонистон пас аз он хостори ироаи санад тавассути намояндаи Амрико барои иддаои худ шуд, ки Халилзод, Толибонро табраа кард ва гуфт, ҳамалоти Кобул ва Нангарҳор, кори ДИИШ будааст. Ҷовид Файсал дар нишасти хабарӣ дар Кобул гуфт, дар сурате, ки Халилзод санаде дар ин бора дар ихтиёр дорад, онро ба давлат ва мардуми Афғонистон ироа диҳад.

Ҳамалоти террористии ахири Нангарҳор ва Кобул, ки панҷоҳ кушта бар ҷой гузошт, Амрико ва Афғонистонро дар муқобили ҳам қарор додааст.

Ихтилофи назари Амрико бо Афғонистон дар бораи маншаи ҳамалоти ахир дар Кобул ва Нангарҳор дар чорчӯби роҳбурди фиребкоронаи Кохи Сафед дар арсаи таҳаввулоти ин кишвар аст.

Дар шароите Халилзод ДИИШ-ро масъули ҳамалоти террористии ахир дар Кобул ва Нангарҳор медонад ва Толибонро аз дахолат дар ин ҳамалот табраа мекунад, ки ин гурӯҳ пас аз имзои тавофуқномаи сулҳ бо Амрико дар 29 феврал дар Давҳа, пойтахти Қатар ба тааҳҳуди худ барои коҳиши сатҳи хушунатҳо вафодор намонд ва борҳо ин тааҳҳуди худро нақз кардааст.

Ҳатто ба тозаги гурӯҳи Толибон бо интишори баёнияе давлат ва миллати Афғонистонро ба ташдиди ҳамалот ва афзоиши хушунат ва даргирӣ дар ин кишвар таҳдид кард.

Ба рағми онки тавофуқномаи сулҳи Давҳа байни Толибон ва Амрико ба далели иттиҳоми мутақобили онон дар бораи адами пойбандии якдигар ба мафоди тавофуқ ба шикасти комил наздик шудааст, Халилзод дар талош аст то Кохи Сафедро аз гирифтор шудан дар нокомии дигаре дар Афғонистон бираҳонд ва дар ҳамин росто муддаӣ шудааст, ки Толибон дар ҳамалоти террористии ахир дар Кобул ва Нангарҳор дахолате надоштааст.

Ин дар ҳоле аст, ки ин дидгоҳ вуҷуд дорад, ки ин ҳамалоти ҳатто бо фарзи анҷоми он тавассути гурӯҳи террористии ДИИШ, иҷрои он бидуни ҳимояти Толибон имконпазир набудааст.

Дар ин шароит ин пурсиш матраҳ мешавад, ки ихтилоф ва таниши Амрико ва Афғонистон чаро муҷаддадан авҷ гирифтааст?

Имзои тавофуқномаи сулҳи Давҳа байни Амрико ва Толибон бидуни дар назар гирифтани мулоҳизоти давлати Афғонистон ва ҳамчунин қайд шудани бархе мафод дар онки тааҳҳудотеро барои ин кишвар, аз ҷумла дар хусуси озодии ҳамаи зиндониёни Толибон қабл аз баргузории музокироти байналафғонӣ эҷод мекунад сабаб шуда то миллат ва давлати Афғонистон ба шиддат аз ин иқдомоти якҷонибаи Кохи Сафед хашмгин бошанд.

Билқис Довуд, пажӯҳишгари аршад дар донишгоҳи «OP Global» бар ин бовар аст, ки тавофуқномаи Қатар мунҳасиран байни Амрико ва Толибон анҷом шуд ва давлати Афғонистон дар он нақше надошт.

Тааҳҳуди Амрико барои озодии ҳамаи зиндониёни Толибон дар Афғонистон мӯҷиб шуда то рӯйкарди давлати ин кишвар дар эъмоли мулоҳизоти мантиқӣ ва миллӣ барои маҳдуд сохтани раванди озодии зиндониёни ин гурӯҳ мӯҷиби ба таъхир афтодани гуфтугӯҳои байналафғонӣ шавад, ки мусаббиби падидории ин шароит низ давлати Трамп аст.

Бино ба ҳамин мулоҳизот аст, ки давлати Афғонистон мубарро донистани Толибон дар ҳамалоти ахири террористӣ, аз ҷумла дар Кобул ва Нангарҳор аз сӯи намояндаи вижаи Амрико дар умури Афғонистонро ҷилваи дигаре аз фиребкории Кохи Сафед дар арсаи таҳаввулоти ин кишвар бидонад.

Дар ҳоле Халилзод бар адами дахолати Толибон дар ин ҳамалот исрор дорад, ки фармондеҳони аршади нирӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон бар риоят нашудани мафоди тавофуқи Давҳа дар бораи коҳиши хушунатҳо аз сӯи Толибон изъон доранд.

Суханони чанде пеши генерал Скот Миллер, фармондеҳи низомиёни террористи амрикоӣ ва НАТО дар Афғонистон дар бораи онки ҳамалоти Толибон дар манотиқи мухталифи Афғонистон пас аз имзои тавофуқи Давҳа афзоиш ёфтааст бахше аз ин эътирофот аст.