Май 18, 2020 13:13 Asia/Dushanbe
  • Фавти дипломати чинӣ пас аз интиқоди вазири умури хориҷаи Амрико

Рӯзномаи чинӣ навишт: Марги сафири ин кишвар дар Тел-Авив пас аз интиқоди вай аз сиёсатҳои тавсеаталабонаи Амрико иттифоқ афтодааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Савс-Чайна-Морнинг-Пост, хабари марги Ду Вейи 57 сола дақиқан се рӯз пас аз он эълом шуд, ки ин дипломати чинӣ аз Майк Помпео- вазири умури хориҷаи Амрико интиқод кард.

Майк Помпое- вазири умури хориҷаи Амрико ахиран борҳо аз Чин ба далели шуйюи коронавирус интиқод кардааст.

Сафорати Чин дар Фаластини ишғолӣ дар посух ба як маврид аз ин интиқодҳо, ки дар рӯзномаи Ҷерузелим-Пост мунташир шуд таъкид карда буд Амрико беҳтар аст масъулияти вазъияти дохилии худро қабул кунад ва вазъияти имрӯзи Амрико нокоромадии сиёсатҳои Вашингтонро нишон медиҳад.

Вазорати умури хориҷаи Чин эълом кардааст Ду Вей- сафири Чин дар Тел-Авив ба сурати ғайритабиӣ фавт кардааст ва Пекин барои баррасии марги сафири худ ва низ бозгардондани ҷасади вай аз Тел-Авив тими таҳқиқ сафарбар мекунад.

Полиси режими Исроил дар бораи иллати марги ин дипломати чинӣ сукут кардааст.