Май 19, 2020 10:18 Asia/Dushanbe
  • Кумаки молии занони мусулмони Албертаи Канада ба Бонки ғизо

Занони мусулмони Албертаи Канада ба Бонки ғизо кумаки молӣ карданд.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, ҷамъияти занони мусулмон дар Эйрдрии Канада ҳазор доллар ба Бонки ғизо кумак карданд.

Бо шуйюи коронавирус Бонки ғизои Эйрдри замони душвореро сипарӣ мекунад ва ҷамъе аз занони саховатманди мусулмон бо кумакҳояшон саъй доштанд ин мушкилро камтар кунанд.

Дар ҳоле, ки имсол шуйюи коронавирус сабаб шуд то бисёре аз мусулмонон аз ҳузур дар масҷидҳо дар айёми Рамазон маҳрум шаванд, аммо онҳо аз ин фурсат барои ҷамъоварии кумак барои мардуми осебпазир ва ниёзманд, бемористонҳо ва бонкҳои ғизоӣ истифода карданд.