Исобати як мушак наздики сафорати Амрико дар Бағдод
(last modified Tue, 19 May 2020 05:26:21 GMT )
Май 19, 2020 10:26 Asia/Dushanbe
  • Исобати як мушак наздики сафорати Амрико дар Бағдод

Як мушак наздики сафорати Амрико дар Бағдод исобат кард.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, бомдоди сешанбе як мушак дар минтақаи Сабз ва дар наздикии сафорати Амрико исобат кард.

Шабакаи хабарии Алҷазира ба нақл аз як мақоми амниятии ироқӣ гуфт, ки камаш ду мушак ба наздикии сафорати Амрико дар Бағдод исобат кардааст.

Хабаргузории расмии Ироқ низ эълом кард, ки як мушаки Катиюша ба яке аз манзилҳои холӣ дар минтақаи Алхазроъ исобат кардааст.

Бар асоси эъломи манобеи амниятӣ, ин мушак аз минтақаи Ал-Идрисӣ дар хиёбони Фаластини Бағдод партоб шуда ва тайи он хисоратҳои моддии андаке ба девори манзил дар минтақаи Сабз ворид шудааст.

 Ҳануз ҳеҷ гурӯҳе масъулияти ин ҳамларо бар уҳда нагирифтааст.