Май 22, 2020 17:11 Asia/Dushanbe
  • Ниҳоди иттилоотии Амрико иддаои Пампео дар бораи Эронро зери суол бурд

Як ниҳоди иттилоотӣ дар Амрико иддаои вазири хориҷаи ин кишвар дар бораи монеътарошии Эрон дар раванди сулҳи Афғонистонро зери суол бурдааст.

Ба гузориши “Форс”, дастгоҳи иттилооти артиши Амрико дар гузорише иддаои Майк Пампео, вазири хориҷаи Амрико мабнӣ бар монеътарошии Эрон бо раванди сулҳ дар Афғонистонро рад кардааст.

Дар гузорише, ки дафтари сарбозраси кулли Амрико дар бораи амалиёти мавсум ба “нигаҳбони озодӣ” ба кконгресс ирсол карда, гуфта шуда, ки Эрон барномае барои “мухолифати фаъол” бо раванди сулҳ дар Афғонистон надорад.

Ин эътироф бо ҷамъбандии Ожонси иттилооти дифоии Амрико , ки гуфта буд, Теҳрон қасди “мухолифати фаъол” бо музокироти ҷорӣ дар бораи Афғонистон надорад, ҳамхон аст.

Ожонси иттилооти дифои Амрико зимни тасреҳ бар ин ки Вазорати хориҷаи Эрон гуфта, Амрико аз ҳеҷ ҷойгоҳи қонунӣ барои таъйини ояндаи Афғонистон бархурдор нест, гуфта, ки ин баёния ба маънои қасди Эрон барои дахолат дар раванди сулҳ нест.