Май 24, 2020 18:17 Asia/Dushanbe
  • Ҳамалоти ракетаӣ ба пойгоҳи низомиёни амрикоӣ дар Афғонистон

Пойгоҳи низомиёни амрикоӣ дар Багром, шимоли Кобул, пойтахти Афғонистон имрӯз (якшанбе) ҳадафи ду ракета қарор гирифт.

Ваҳида Шаҳкор, сухангӯи устондории Парвон эълом кард:

Ду ракета қабл аз зуҳри якшанбе ба сӯи фурӯдгоҳи Багром (пойгоҳи ҳавоии низомиёни амрикоӣ) шиллик шуд, аммо талафоте надошт.

Ҳанӯз гурӯҳе масъулияти ин ҳамларо ба ӯҳда нагирифтааст, аммо дар рӯзҳои ахир ҳамалоти "Толибон" ба мавозеи давлатӣ ва амрикоӣ дар манотиқи мухталифи Афғонистон ташдид шудааст.

 

 

Барчасп