Май 25, 2020 21:13 Asia/Dushanbe
  • Хашми Трамп аз таҳқиқоти донишгоҳӣ дар бораи сӯмудириятии корона дар Америка

Раиси Ҷумҳурии Америка ба донишгоҳи мӯътабари Калумбия ба далели таҳқиқоташ дар бораи сӯмудириятии ӯ ва давлаташ дар муқобила бо корона, ҳамла кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз вебгоҳи Hill вобаста ба Конгресси Америка, Доналд Трамп донишгоҳи Калумбияро мояи наг хонд ва натоиҷи таҳқиқоти ин донишгоҳро дар бораи замони иҷрои тарҳи фосилагузории иҷтимоӣ дар Америка, шармовар тавсиф кард. 

Трам муддаӣ шуд, ки таҳқиқоти ин донишгоҳ таҳти нуфузи иддае аз мухолифони ӯ анҷом шудааст. 

Шабакаи хабарии СНН ба тозагӣ бо истинод ба ёфтаҳои таҳқиқоти донишгоҳи Калумбия гузориш дод: Чунончи, тарҳи фосилагузории иҷтимоӣ дар Америка фақат як ҳафта зудтар иҷро мушуд, мумкин буд ҷони 360 ҳазор нафар, ки бар асари корона даргузаштранд, ҳифз шавад.

Доналд Трамп раиси ҷумҳурии Америка ва давлаташ ба далели бемасъулиятӣ дар қиболи густариши вируси корона дар ин кишвар, ба шиддат мавриди интиқод қарор гирифтааст. 

Америка ҳам акнун дар садри кишварҳои ҷаҳон ҳам аз назари шумори мубталоён ба Ковид-19 ва ҳам аз назари мезони маргумири ноши аз ин вирус қарор дорад. 

Шумори афроди олудаи вируси корона дар Америка ба 1 миллиону 667 ҳазору 437 нафар расидааст, ки аз ин теъдод 98 ҳазору 691 нафар ҷони худро аз даст додаанд. 

Барчасп