Май 28, 2020 10:46 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори вазири дифои Чин ба Амрико

Вазири дифои Чин гуфт ; рақобати ин кишвар бо Амрико вориди марҳалаи ҳасос ва хатарноке шуда ва Чин бояд рӯҳияи истодагии худро тақвият кунад.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон,Вий Фунгах рӯзи чоршанбе дар ҳошияи Иҷлоси конгираи миллии халқии Чин дар Пекин , дар иқдоми камсобиқа мустақиман ба номи Амрико ишора кард ва афзуд , бояд рӯҳияи мубориза ва истодагиро тақвият ва аз мубориза барои пешбурди субот истифода кунем.

Вазири дифои Чин афзуд , Амрико Пекинро дар паи шуюи ҳамагири вируси Корона таҳти фишор ва маҳдудиятҳои фазояндае  қарор дода , бинобар ин Чин бояд рӯҳияи муборизаи худро тақвият кунад.

Изҳороти вазири дифои Чин пас аз суханони Шӣ Ҷин Пинг раиси  ҷумҳурии ин кишвар мунташир шуда ,ки аз артиши Чин хост , барои ҷангидан омода бошад.

Амрико ҳамвора дар умури дохилии ҷазираи Тайвон ва минтақаи Ҳон Конг дахолат мекунад ,ки бо эътирози Чин рӯ ба рӯ шудааст.