Май 30, 2020 13:34 Asia/Dushanbe
  • Оғози тиҷорати транзитии Покистон бо Афғонистон

Мушовири умури бозаргонии нахуствазири Покистон, аз оғози тиҷорати транзитии ин кишвар бо Афғонистон аз бандари Гвадар (Gwadar) хабар дод.

Абдурраззоқ Довуд эълом кард, Вазорати бозаргонии Покистон рӯзи ҷумъа бандари Гвадар (Gwadar) дар ҷануби ин кишварро барои тиҷорати транзит бо Афғонистон амалиётӣ кард.

Мушовири умури бозаргонии Умрон Хон, нахуствазири Покистон афзуд, ки киштии борӣ дар Гвадар (Gwadar) паҳлӯ гирифтааст ва 16 000 тонна куди шимиёӣ барои интиқол ба Афғонистон ҳамл мекунад.

Ин гузориш афзуд, ки қарор аст коло аз бандари Гвадар бо мошинҳо ба Афғонистрон ҳамлу интиқол дода шавад.