Июн 01, 2020 08:56 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди  Амрико бар идомаи ҳузури низомӣ дар Афғонистон

Намояндаи доими Амрико дар Созмони паймони Атлантики шимолӣ (НАТО) бар идомаи ҳузури низомиёни кишвар дар Афғонистон таъкид кард.

Ки Били Ҳочесон (Ki Billi  Hutcheson) гузориши ахири расонаҳо  бар асоси талоши Доналд  Трамп дар хусуси хуруҷи низомиёни амрикоӣ аз Афғонистон пеш аз интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико дар ноябрро рад кард ва гуфт, чунин тарҳе дар авлавият қарор надорад.

Изҳороти намояндаи Амрико дар Созмони НАТО дар бораи он ки кишвараш барномае барои хуруҷ аз Афғонистон надорад, нишонае ошкор аз набуди пойбандӣ ва бадаҳдии Кохи Сафед ба тааҳҳудоти худ барои хуруҷ аз ин кишвар бо ҳадафи поён додан ба ҷанг ва хушунат дар Афғонистон аст.

Давлати Амрико дар ҷараёни тавофуқи сулҳ бо Толибон дар 29 феврали гузашта дар Доҳа- пойтахти Қатар мутааҳҳид шуд, ки неруҳои низомии худро ба таври комил аз Афғонистон хориҷ кунад.

Бо вуҷуди гузашти чанд моҳ аз имзои ин тавофуқ ҳануз давлати Амрико ҷадвали замонбандӣ барои хориҷ кардани низомиёни худ аз Афғонистонро мунташир накардааст.

Дар шароите намояндаи Амрико дар  НАТО ба сиёсати кишвараш дар идомаи ҳузури низомӣ дар Афғонистон эътироф кардааст, ки барқарории сулҳ дар ин кишвар ба иҷрои тааҳҳуди Кохи Сафед барои хуруҷи комили низомӣ аз Афғонистон гиреҳ хурдааст.

Чунончи Амрико нахоҳад тибқи тавофуқи Доҳа ба ҳузури низомии худ дар Афғонистон поён диҳад, бори дигар бар шиддати хушунатҳо дар ин кишвар аз сӯи Толибон афзуда хоҳад шуд, зеро шарти аслии ин гурӯҳ барои барқарории оташбаси доимӣ ва канор гузоштани силоҳ, хуруҷи комили низомиёни амрикоӣ аз Афғонистон аст.

Ҳамчунин бояд таваҷҷуҳ дошт дар сурате, ки Амрико тааҳҳуди худ барои хуруҷи низомии худ аз Афғонистонро поймол кунад раванди шуруъшудаи сулҳ  дар ин кишвар ба давраи қабл аз тавофуқи Доҳа бозмегардад ва бори дигар Афғонистон ба саҳнаи ҳаддиаксарии хушунат ва ноамнӣ табдил мешавад.

Дар чунин шароите, умедҳо дар Афғонистон барои баргузории музокироти байналафғонӣ низ ба ноумедӣ табдил мешавад ва раванди амалисозии мутолибаи мардуми ин кишвар барои истиқрори оромиш ва сулҳ ба далели идомаи сиёсатҳои фиребкорона ва якҷонибаи Амрико мутаваққиф хоҳад шуд.

Бо таваҷҷуҳ ба бурузи бархе нишонаҳо дар хусуси инъитоф  дар мавзеъҳои Толибон дар ҳафтаҳои ахир аз ҷумла оташбаси серӯза ба муносибати иди Фитр дар чорчуби заминасозӣ барои гуфтугӯҳои байналафғонӣ, шикасти раванди кунунии талошҳо дар Афғонистон барои поёни ҷанг бар уҳдаи Амрико аст, ки бар хилофи тааҳҳуди худ барои хуруҷ аз он кишвар на танҳо барномаи замоние дар ин хусус ироа накардааст балки ба гуфтаи намояндаи Кохи Сафед  дар НАТО қасди хуруҷ аз Афғонистонро надорад.

Ин дидгоҳ вуҷуд  дорад, ки Амрико ба баҳонаи мубориза бо гурӯҳи террористии ДОИШ дар Афғонистон дар талош аст то пас аз тавофуқи сулҳи Доҳа ҳузури низомии худ дар ин кишварро тавҷеҳ кунад.

Ҷовид Кӯҳистонӣ- коршиноси низомӣ  дар Афғонистон мегӯяд, Вашингтон ба баҳонаи ДОИШ ба думболи тавҷеҳи ҳузураш дар Афғонистон аст. Амрико талош дорад то нишон диҳад  ДОИШ аз Афғонистон таҳдид алайҳи манофеи Амрико аст дар ҳоле, ки то кунун дида нашуда, ки ДОИШ аз Афғонистон таҳдиде барои манофеи ин кишвар бошад.

Чунончи Амрико бихоҳад ба баҳонаи мубориза бо ДОИШ ба далели мавриди таҳдид қарор гирифтани манофеи ин кишвар дар Афғонистон, идомаи ҳузури низомӣ дар ин кишварро идома диҳад, қатъан тавофуқи сулҳ байни Вашингтон ва Толибон бар ҳам мехурад ва аз сари нав ҷанг ва хушунат аз сӯи ин гурӯҳ ба Афғонистон бозмегардад.

 

 

 

Барчасп