Поён кашидани ҳайкали "тоҷири барда" дар Англис ба дасти эътирозгарон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i54331-Поён_кашидани_ҳайкали_тоҷири_барда_дар_Англис_ба_дасти_эътирозгарон
Мухолифони табъизи нажодӣ ҳайкали яке аз касоне, ки аз ӯ ба унвони "тоҷири барда" ёд мешавадро дар Англис поён кашиданд ва ба рӯдхона партоб карданд.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Июн 08, 2020 14:43 Asia/Dushanbe

Мухолифони табъизи нажодӣ ҳайкали яке аз касоне, ки аз ӯ ба унвони "тоҷири барда" ёд мешавадро дар Англис поён кашиданд ва ба рӯдхона партоб карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз вебгоҳи шабакаи хабарии BBC, тазоҳургарон  дар шаҳри Бристол дар ҷануби ғарбии Англис асри якшанбе ҳайкали маъруфи "тоҷири барда" (Slave Trader)-ро бо банд поён кашида ва онро дохили як рӯдхона андохтанд.

Ин ҳайкал мутааллиқ ба Идвард Колстон (Edward Colston) аз аъзои ширкати салтанатии Африқо буд, ки дар қарни ҳабдаҳум ҳудуди 80 ҳазор мард, зан ва кӯдакро аз Африқо ба қорраи Амрико бурд.

Ба гузориши BBC, ҳудуди 10 ҳазор тан дар тазоҳурот дар шаҳри Бристол ҳузур доштанд.