Мухолифати Ҷонсон бо тазоҳуроти зидди нажодпарастӣ ; ҳимояти амалӣ аз Трамп
(last modified Mon, 08 Jun 2020 10:59:17 GMT )
Июн 08, 2020 15:59 Asia/Dushanbe
  • Мухолифати Ҷонсон бо тазоҳуроти зидди нажодпарастӣ ; ҳимояти амалӣ аз Трамп

Қатли ваҳшатноки Ҷорҷ Флойд, сиёҳпусти амрикоӣ тавассути як афсари полиси сафедпӯст дар 25 май дар Миннеаполиси иёлати Миннисота оташи эътирозоти зидди нажодпарастиро дар Амрико ва сипас дар Аврупо шӯълавар сохт.

Доналд Трамп-раисҷумҳури ҷанҷолии Амрико, ки худ собиқаи ҳимоят аз ростгароёни ифротӣ ва рӯйкардҳои нажодпарастонаро дорад, ин эътирозоти густурдаро нооромиҳо номида ва ҳатто мӯътаризонро таҳдид кардааст.

Акнун Борис Ҷонсон, нахуствазири Британия низ, ки рӯйкардҳои ҳаммонанди Трамп дорад, мавзеъи мушобеҳи вай дар ин замина ишғол кардааст. Пас аз онки даҳҳо ҳазор мӯътариз ба марги Ҷорҷ Флойд дар шаҳрҳои мухталифи Британия тазоҳурот карданд ва фарёди адолатхоҳӣ сар доданд, Борис Ҷонсон бомдоди душанбе дар тветте тазоҳуркунандагонро хиёнаткороне номид, ки тазоҳуротро ба ноамнӣ табдил карданд. Ба гуфтаи Ҷонсон : Тазоҳуроти ҳамбастагӣ бо Ҷорҷ Флойд, шаҳрванди сиёҳпӯсти америкоӣ аз масири худ дур шудааст ва бояд сабабгорони он ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

 Ҳазорон мӯътариз дар ду рӯзи гузашта бо барпоии тазоҳуроти саросарӣ дар Британия аз ҷумла Лондон зимни эъломи мухолифат бо сиёсатҳои нижодпарастонаи Амрико ва адами маҳкумияти ин сиёсатҳо тавассути давлати муҳофизакори Британия, дар муқобили сафорати Амрико дар Лондон таҷаммӯъ карданд. Дар ин тазоҳурот мӯътаризон муқобили дафтари нахуствазирӣ ва сафорати Амрико алайҳи Борис Ҷонсон ва Доналд Трамп шиорҳои эътирозӣ сар доданд. Нируҳои зидди шӯриш дар ду рӯзи гузашта бо мӯътаризон даргир шуданд, ки ин даргирӣ ба маҷрӯҳ шудани теъдоде аз ду тараф мунҷар шуд. Ҷонсон дар ин замина унвон кард,ки мардум ҳақ доранд мусолиматомез тазоҳурот кунанд ,вале ҳақ надоранд ба полис ҳамла кунанд.

Дар шаҳри Бристоли Британия мӯътаризон рӯзи якшанбе дар иқдоми намодин муҷассамаи «Эдвард Клстон-яке аз бардадорони сарватманди қарни 17-ро сарнагун карданд ва ба об андохтанд. Вазири дохилаи Британия ва полиси маҳаллӣ ин иқдомро маҳкум ва тасреҳ карданд, ки харобкорон таҳти пайгард қарор хоҳанд гирифт.

Тазоҳуроти густурда дар Аврупо аз ҷумла Британия алайҳи нажодпарастӣ ва табъиз алайҳи сиёҳон нишон медиҳад, ки аврупоиҳо ба шиддат дар бораи раванди сиёсӣ ва иҷтимоии кунунӣ дар Амрико, яъне қувват гирифтани рӯзафзӯни ростгароёни ифротӣ дар сояи ҳимоятҳои ошкору пинҳони Трамп-раисҷумҳури Амрико эҳсоси нигаронӣ мекунанд. Дар давраи раёсатҷумҳурии Трамп ба далели рӯйкарди нажодпарастонаи вай амалан фишорҳо алайҳи рангинпӯстон тавассути нажодпарастон ташдид шудааст. Мавзеъи Трамп мӯҷиби тақвияти рӯҳия ва ангезаҳои гурӯҳҳо ва ҷунбишҳои ростгарои ифротӣ дар Аврупо ва афзоиши иқдомоти онҳо алайҳи ақаллиятҳо, иборат аз муҳоҷирони қонунӣ ва паноҳҷуён ва низ шаҳрвандони ғайриаврупоитабор шудааст. Ин масъала нигарони аврупоиҳо. аз ҷумла британиёиҳоро барангехтааст ;ба вежа ин, ки ин кишвар пазирои миллионҳо осиёитабор ва африқоитабор аст.

 Мавзеъи Борис Ҷонсон-нахуствазири муҳофизакори Британия дар маҳкум кардани мӯътаризон ба нажодпарастӣ ва иғтишошгар хондани онҳо дақиқан дар ростои мавозеъи Трамп алайҳи мӯътаризон дар Амрико аст, ки онҳоро бо унвонҳои мушобеҳи гуфтаҳои раисҷумҳури Амрико номидааст. Ҷонсон бад-ин тартиб маротиби сарсупурдагии худ ба Трампро ба умеди ба даст овардани имтиёзот аз Амрико дар давраи пасобригзит эълом кардааст. Дар воқеъ Борис Ҷонсон на фақат аз ҳимояти густурда ва ошкори Трамп барои расидан ба мақоми нахуствазирӣ баҳрманд шуд, балки аз лиҳози дидгоҳҳо ва мавозеъ низ монандии зиёде бо Трамп дорад ва ҳамин масъала мӯҷиби афзоиши нигаронии ақаллиятҳои нажодӣ ва динӣ аз ҷумла сиёҳони Британия дар бораи ташдиди иқдомоти ростгароёни ифротӣ ва нажодпараст алайҳи онҳо шудааст.

 Дар ин росто бархе чеҳраҳои матраҳи ҳизби мухолифи давлати Британия аз тазоҳуркунандагон ҳимоят карда ва хостори муқобила бо нажодпарастӣ шудаанд. Содиқ Хон-шаҳрдори Лондон дар ёддоште барои рӯзномаи Дейли Мейл навишт: Давлат  метавонад ва бояд иқдомоти бештаре барои расидагӣ ба нобаробариҳои нажодӣ дар ҷомеаи Британия анҷом диҳад.

 Афзоиши тамоюлоти нажодпарастона дар Британия акнун ба мушкили иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар ин кишвар табдил шудааст.