Июн 10, 2020 21:33 Asia/Dushanbe
  • Кушта шудани панҷ низомии Афғонистон дар даргирӣ бо Толибон

Панҷ низомии Афғонистон бар асари даргирӣ бо аъзои гурӯҳи Толибон дар шарқи ин кишвар кушта шуданд.

Ҳасан Ризо Юсуфӣ, узви Шӯрои вилоятии Ғазнӣ, дар шарқи Афғонистон рӯзи чаҳоршанбе гуфт, бар асари даргирӣ байни нерӯҳои артиши ин кишвар ва аъзои Толибон дар ин вилоят, 5 нерӯи дигари артиш низ захмӣ шуданд.

Ҳасан Ризо Юсуфӣ, узви Шӯрои вилоятии Ғазнӣ ҳамчунин хоҳони таваҷҷуҳи бештари давлати Афғонистон ба таҳдидоти Толибон дар ин вилоят шуд.

Тибқи ин гузориш, аз талафоти эҳтимолии гурӯҳи Толибон хабаре мунташир нашудааст.

Идомаи даргириҳо байни аъзои Толибон бо нерӯҳои давлатии Афғонистон ва ҳамалоти ин гурӯҳ дар манотиқи мухталифи ин кишвар дар шароите аст, ки Кобул ҳамвора хоҳони барқарории оташбас ва барқарории сулҳ дар Афғонистон шудааст.