Октябр 05, 2016 13:11 Asia/Dushanbe
  • Ҳамла ба шиаёни азодор дар масҷиди ҷумъаи Маскав

 Гурӯҳе аз ваҳҳобиён ба масҷиди ҷумъаи шиаён дар шаҳри Маскав ҳамла карданд.

Ба иттилои сайти "Лент", ҷумҳурии Озарбойҷон сешанбе шаб, теъдоде аз афроди ношинос, ки гуфта мешавад, ваҳҳобӣ буданд, ба масҷиди ҷумъаи шаҳри Маскав ҳамла карданд ва шиаёни азодорро мавриди зарбу шатм қарор доданд .

Бар асоси ин гузориш, ҳудуди сӣ нафар аз муҳоҷимон бо шикастани дару панҷараҳои масҷид вориди ин маҳал шуданд ва шиаёнеро, ки дар ҳоли азодорӣ барои имом Ҳусайн (а) буданд, мавриди зарбу шатм қарор доданд ва сипас мутаворӣ шуданд .

Пас аз ин воқеа полиси минтақа ба маҳалли масҷид эъзом шуд ва ибтидо Низомибол Уғлонов, раиси ҷамъияти "Аҳли байт"-ро боздошт карданд, ки бо эътирози шиаёни масҷид вай озод шуд .

Гуфтанӣ аст, масҷиди ҷумъаи шаҳри Маскав бо талоши ҷамъияти шиаёни озарии муқими Русия, бо ҳадафи густариш ва таъмиқи омезаҳои динӣ ва мазҳабӣ ва вуҷуди маконе муносиб барои гирдиҳамоии шиаён дар ойинҳои мазҳабӣ бо ҳамкории ҷамъияти Аҳли байти озариҳо сохта шудааст .