Баргузории маҷозии нишасти Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид
https://parstoday.ir/tg/news/world-i54434-Баргузории_маҷозии_нишасти_Маҷмаи_умумии_Созмони_Милали_Муттаҳид
Раиси Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид эълом кард: Нишасти отии ин маҷмаъ, нахустин бор дар таърихи ин ниҳод, ба далели хурӯҷи корнавирус, ба сурати маҷозӣ баргузор хоҳад шуд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июн 11, 2020 20:07 Asia/Dushanbe
  • Баргузории маҷозии нишасти Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид

Раиси Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид эълом кард: Нишасти отии ин маҷмаъ, нахустин бор дар таърихи ин ниҳод, ба далели хурӯҷи корнавирус, ба сурати маҷозӣ баргузор хоҳад шуд.

Ба нақл аз хабаргузории Фаронса, Тиҷани Муҳҳаммад-Банда, раиси Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар номае ба кишвраҳои узви ин созмон эълом кард:

Замони нишасти соли 2020-и ин маҷмаъ, ҳамчунон 22 то 29 сентябр таъин шуда ва бар асоси барномаи ҷадид, суханрониҳои аз пеш забтшудаи сарони ҷаҳон пахш хоҳад шуд.

Муҳаммад-Банда афзуд: Кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид бояд  файли суханронии раисони ҷумҳурӣ, нахуствазирон, вазирони давлат  ё сафирони кишварҳо дар ин созмонро, ҳадди ақал панҷ рӯз пеш аз нишасти Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳди ирсол кунанд.