Иттиҳомзании директори генералии МАГАТЭ: Эрон иҷозати дастрасӣ ба ду маконро намедиҳад
https://parstoday.ir/tg/news/world-i54547-Иттиҳомзании_директори_генералии_МАГАТЭ_Эрон_иҷозати_дастрасӣ_ба_ду_маконро_намедиҳад
Бо такрори иддаоҳо, ки Эрон ба нозирони МАГАТЭ иҷозаи вуруд ба ду маконро надод, директори генералии МАГАТЭ изҳор намуд, ки Теҳрон низ аз гуфтугӯ дар ин бора худдорӣ кардааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июн 15, 2020 15:57 Asia/Dushanbe
  • Иттиҳомзании директори генералии МАГАТЭ: Эрон иҷозати дастрасӣ ба ду маконро намедиҳад

Бо такрори иддаоҳо, ки Эрон ба нозирони МАГАТЭ иҷозаи вуруд ба ду маконро надод, директори генералии МАГАТЭ изҳор намуд, ки Теҳрон низ аз гуфтугӯ дар ин бора худдорӣ кардааст.

 Рафаэл Гросси, директори генералии Оҷонси байналмилалии энержии атомӣ, ба иддаои беасос алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон изҳор намуд, ки Теҳрон иҷозати баррасӣ аз баъзе маконҳоро намедиҳад.

Ба гузориши радиои Садои Хуросон ба нақл аз вебгоҳи Оҷонси байналмилалии энержии атомӣ Гросси дар суханронӣ дар нишасти шурои ҳукком, гуфт: "Гузориши ман дар бораи ростиозмоӣ ва назорат бар Ҷумҳурии Исломии Эрон мутобиқ бо қатъномаи 2231 Шӯрои амнияти Созмони Милал фаъолиятҳои муртабити оҷонс тайи чанд моҳи қаблро пушиш додааст".

Бар ин асос вай тавзеҳ дод: "Моҳи январ Эрон эълом дошт, ки барномаи ҳастаии худро дигар таҳти маҳдудиятҳои амалиётӣ нахоҳад гирифт, аммо Эрон мисли пештара бо МАГАТЭ кор карданро идома хоҳад дод. То имрӯз, МАГАТЭ ягон тағиротро дар риояи шартномаи Эрон дар бораи паҳн накардани аслиҳаи ҳастаӣ ё дар сатҳи ҳамкориҳои Эрон бо санҷишҳо ва назоратии МАГАТЭ мушоҳида накардааст."

Директори генералии МАГАТЭ бо ишора ба тадовуми ростозмоӣ аз адами инҳирофи маводи ҳастаии эъломшуда тавассути Эрон зайли созишномаи гуфтушунид, арзёбӣ аз набуди маводи ҳастаӣ ва фаъолиятҳои эълом нашуда дар Эрон, идома дод: "Гузориши қаблии ман бо унвони созишномаи гуфтушуниди Эн Пи Ти бо Ҷумҳурии Исломии Эронро дарёфт карданд, ки талошҳои оҷонс барои шаффофсозӣ саволҳо муртабит ба  рушди эъломияҳои Эрон тибқи Созишномаи кафолати он ва Протоколи иловагиро ташреҳ мекард. "

Гроссӣ дар ростои иддаоҳои матраҳшуда дар гузориши мазкури худ, муддаӣ шуд: "Бо нигаронии ҷиддӣ мегӯем, ки барои беш аз чаҳор моҳ аст, ки Эрон ба мо иҷозати дастрасӣ ба ду маконро надодааст ва барои ҳудуди як сол аст, ки дар мубоҳисоти мӯҳтавоӣ ҷиҳати шаффофсозии суолоти мо марбут ба маводи ҳастаии эҳтимолӣ ва фаъолиятҳои муртабити ҳастаии эъломнашуда мушорикат накардааст."