Июн 17, 2020 18:14 Asia/Dushanbe
  • Хорватия бар тавсеаи ҳамаҷонибаи равобит бо Эрон таъкид кард

Луко Буриливич, раиси утоқи бозаргонии Хорватия рӯзи сешанбе дар дидори Парвизи Исмоилӣ, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Загриб, бар алоқамандии давлат, миллат ва бахши хусусии Хорватия бар тавсеаи ҳамаҷонибаи равобит бо Эрон таъкид кард.

Ба гузориши ИРНА, Исмоилӣ низ дар ин дидор ҳифз ва иртиқои равобит миёни утоқҳои Эрон ва Загрибро ба унвони парлумони бахши хусусӣ зарурӣ донист ва гуфт, ҳар ду кишвар илова бар зарфиятҳои миллӣ аз мавқеияти минтақаӣ дастрасӣ ба бозорҳои дигар низ бархурдор ҳастанд.

Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Хорватия ҳамчунин ба собиқаи ҳаҷми болои равобити тиҷорӣ ва шинохти хуби бозаргонони ду кишвар аз якдигар ишора кард ва гуфт, ки Эрон ва Хорватия метавонанд даври тозае аз ҳамкориҳои иқтисодиро рақам бизананд.

 Ду тараф ҳамчунин дар ин дидор зарфиятҳо ва заминаҳои фаровони иқтисодӣ барои ҳамкории ду кишвар, ба вижа дар бахши хусусиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Рушди иқтисодии Хорватия дар семоҳаи нахусти соли 2020 чаҳор дарсад буда ва ин кишвар бо вуҷуди шароити бемории ҳамагири вируси “ковид -19” ва вуқӯи зилзила дар Загриб, дар миёни 8 кишвари узви Иттиҳоди Аврупо дорои рушди иқтисодии мусбат аст.

Хорватия дар соли 2009 ба НАТО ва дар соли 2013 ба Иттиҳоди Аврупо пайваст.

 

 

Барчасп