Июн 18, 2020 11:01 Asia/Dushanbe
  • Кушта шудани се ғайри низомӣ бар асари таркиши бомб дар Афғонистон

Се ғайри низомии афғон бар асари таркиши бомб канори ҷодае дар шарқи Афғонистон , кушта шуданд.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон , Абдуллоҳ Ҳасрат , сухангуи волии Пактиё эълон кард , асри чоршанбе бомбе дар масири убури аъзои як хонавода дар шаҳристони Зурмат ин вилоят таркид ,ки бар асари он модар ба ҳамроҳи ду кудакаш кушта шуданд ва як кудаки семоҳа низ захмӣ шуд.

Сухангуи волии Пактиё гуруҳи Толибонро масули ин бомбгузори донист.

хабари дигар ин ,ки масулони маҳалии вилояти Кописо ҳам имрӯз эълон карданд ; ҳафт сарбози артиши Афғонистон бар асари камини аъзои гуруҳи Толибон дар шаҳристони Тагоб , аз тавобеи Кописо ва се сарбози дигар захмӣ шуданд.