Июн 18, 2020 13:20 Asia/Dushanbe
  • Созмони Миллал асири

Рӯйкарди дугонаи Созмони Миллали Муттаҳид дар қиболи ҷанги Яман ва масъалаи ҳамла ба таъсисоти нафтии Оромкуи Арабистон нишон медиҳад, ин ниҳоди байналмиллалӣ ба унвони тазминкунандаи сулҳу амнияти ҷаҳонӣ аз рисолати аслии худ фосила гирифтааст.

Иддаои маншаи эронии силоҳҳои ба кор рафта дар ҳамла ба таъсисоти нафтии Оромку дар соли 2019 ва ҳамзамон хуруҷи номи эътилофи саудӣ аз рӯйхати поймолсозони ҳуқуқи кӯдакони Созмони Миллали Муттаҳид, бо рисолати ин созмон созгорӣ надорад ва нишон медиҳад Созмони Миллали Муттаҳид асири фишорҳои сиёсии Арабистон ва Амрико шудааст.

Таъсирпазирии Созмони Миллали Муттаҳид бо "зар" ва "зӯр"-и Арабистон ва Амрико, ин ниҳоди байналмиллалиро водоштааст, рӯйкарди сиёсӣ ба худ бигирад. Дар ҳамин чорчуб, дабирхонаи Созмони Миллали Муттаҳид чанд рӯз пас аз тарҳи иттиҳомҳои беасос зидди Эрон дар бораи маншаи эронии силоҳҳои ба кор рафта дар ҳамла ба таъсисоти Оромку, аз иқдомоти рӯзонаи эътилофи саудӣ дар Яман чашмпушӣ мекунд.

Иқдоми рӯзи душанбеи Антонио Гутерриш, дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид дар хуруҷи номи эътилофи саудӣ аз рӯйхати поймолсозони ҳуқуқи кӯдакон, дар шароите гирифта мешавад, ки ин созмон бар куштори кӯдакони яманӣ тавассути эътилофи саудӣ эътироф кардааст.

Созмони Миллали Муттаҳид октябри 2017 номи эътилофи саудиро ба сабаби куштан ва захмӣ кардани ҳудуди  700  кӯдак дар Яман ва ҳамла ба даҳҳо мактаб ва бемористон дар рӯйхати сиёҳ қарор дод, аммо имрӯз бо таҳдиди Арабистон, ин эътилофро аз ин рӯйхат хориҷ мекунад.  

Дар ҳамин замина, Аббоси Мусавӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар Твиттер навишт: Арабистони саудӣ бо пул ва Амрико бо зӯргӯӣ созу корҳои байналмиллалиро ба масхарагӣ гирифтаанд.

Идомаи ҷанги Яман аз соли 2015, куштори рӯзонаи яманиҳо ба вижа кӯдакон ва занон, вайрон кардани зерсохтҳои ҳаётии Яман (беҳдоштӣ ва дармонӣ) ва аз ҳама муҳимтар идомаи муҳосираи ин кишвар аз сӯи эътилофи саудӣ, иртиботи маънодоре бо сиёсати мунфаилонаи ниҳодҳои байналмиллалӣ аз ҷумла Созмони Миллали Муттаҳид дорад.

Дар ҳамин чорчуб, Зайфуллоҳ Ал-Шомӣ, сухангӯи Давлати наҷоти миллии Яман рӯзи сешанбе гуфт: Тасмими Созмони Миллали Муттаҳид барои ҳазфи номи эътилофи саудӣ аз рӯйхати поймолсозони ҳуқуқи кӯдакон дар Яман, эътибори созмонҳои байналмиллалӣ ва усули онро зери савол мебарад.

Ҳазфи номи эътилофи саудӣ аз рӯйхати поймолсозони ҳуқуқи кӯдакони яманӣ, чароғи сабз нишон додан ба ин эътилоф барои идомаи ҳамлаҳо ба минтақаҳои маскунӣ ва куштори рӯзонаи мардуми Яман аз ҷумла кӯдакон аст.

Ҳамин рӯйкарди дугонаи Созмони Миллали Муттаҳид кофӣ аст то барои афкори умумии ҷаҳон мушаххас шавад, чаро ҷанги Яман ҳамчунон пас аз 5 сол идома дорад. Дар сояи рӯйкарди сиёсии ин ниҳоди байналмиллалӣ наметавон уфуқи равшанеро барои поёни ҷанги Яман тасаввур кард ва дар чунин шароите, Созмони Миллали Муттаҳид дар баробари поймолсозии ҳуқуқи кӯдакони яманӣ ва дигар иқдомоти эътилофи саудӣ дар Яман масъул аст.

 

Барчасп