Трамп додситони Нию-Йоркро барканор кард
(last modified Sun, 21 Jun 2020 04:16:36 GMT )
Июн 21, 2020 09:16 Asia/Dushanbe
  • Трамп додситони Нию-Йоркро барканор кард

Давлати Амрико додситони баландпояи Нию-Йоркро, ки дар баробари фишорҳо барои истеъфо муқовимат карда буд, ихроҷ кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз U.S.A.Today, Вилиям Барр- вазири додгустарии Амрико гуфт, ки вай ба таври расмӣ аз Доналд Трамп, раиси ҷумҳури ин кишвар хост то Ҷефрей Берман, додситони минтақаи ҷанубии Нию-Йоркро барканор кунад.

Вазорати додгустарии Амрико охирҳои вақти рӯзи ҷумъа 19 июн бо интишори баёнияе аз барканории Берман хабар дода буд, аммо вай дар вокуниш ба иқдоми ин вазоратхона, ки бидуни иттилои қаблӣ ба барканории ӯ иқдом карда буд гуфт, на танҳо аз мақоми худ канорагирӣ намекунад, балки то замони таъйини ҷонишин, ба таҳқиқот дар бораи ашхоси наздик ба Доналд Трамп идома медиҳад.

Берман додситони қудратманди ноҳияи ҷануби шаҳри Манҳеттан ба шумор меравад, ки натиҷаи таҳқиқоташ дар бораи ашхоси наздик ба раиси ҷумҳури Амрико, мунҷар ба зиндон рафтани Майкел Куҳен- вакили хусусии Трамп шуд ва акнун низ дар ҳоли таҳқиқ дар бораи Руди Ҷулияни дигар вакили хусусии Трамп аст.