Июн 22, 2020 12:07 Asia/Dushanbe
  • Киштии эронии ҳомили маводи ғизоӣ ба обҳои Венесуэла расид

Киштии эронӣ ҳомили маводи ғизоӣ вориди обҳои Венесуэла шуд ва дар ҳоли наздик шудан ба бандари Ла Гоайра (La Guaira) аст.

Ба гузориш радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳуҷҷатулло Султонӣ- сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Каракас дар саҳифаи Твиттери худ навишт: Киштии эронии Гулсон ҳомили маводи ғизоӣ ва таҷҳизоти лозим барои муқобила бо бемории КОВИД-19 вориди обҳои Венесуэла шудааст.

Сафири Эрон дар Каракас афзудааст, ки ин бастаҳои маводи ғизоӣ барои кушоиши нахустин супермаркети эронӣ дар Венесуэла ба он кишвар фиристода шудааст.

Ин киштии боркашӣ бо парчами Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи 15 май соҳили Бандари Аббос дар ҷануби Эронро ба мақсади Венесуэла тарк кард.

Пештар низ Эрон панҷ киштии ҳомили яку ним миллион барел бензин ба Венесуэла фиристод ва ин нафткашҳо бастаҳои худро таҳвили Венесуэла доданд.

Пас аз интиқоли бастаҳои сузишвории Эрон ба Венесуэла, давлати Каракас тавонист тавзеи сузишворӣ ба саросари ин кишварро бо системи ҷадиде оғоз кунад.

 

Барчасп