Болтон ҳимоят аз Бойденро такзиб кард
(last modified 2020-06-22T08:15:56+00:00 )
Июн 22, 2020 13:15 Asia/Dushanbe
  • Болтон ҳимоят аз Бойденро такзиб кард

Сухангӯи Ҷон Болтон, мушовири пешини амнияти миллии Амрико хабари ҳимояти вай аз номзади демократҳо дар интихоботи ноябрро такзиб кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз вебгоҳи Ҳил, Соро Тинзлей- сухангӯи Болтон бо судури баёнияе гуфт: Ин изҳорот нодуруст аст. Оқои Болтон ҳаргиз нагуфт, ки қасд дорад ба Бойден овоз диҳад.

Тинзлей дар идома тавзеҳ дод: Ӯ рӯзҳои ахир борҳо гуфтааст, ки ба як ҷумҳурихоҳи муҳофизакор овоз хоҳад дод. Бигузоред тамоми шубҳаҳоро бартараф кунам, ӯ на ба Трамп овоз медиҳад, на ба Бойден.

Ин дар ҳоле аст, ки рӯзномаи Телеграф пештар муддаӣ шуда буд Болтон гуфтааст ба унвони касе, ки пушти саҳнаи раёсатҷумҳурӣ Трампро дидааст маҷбур аст аз рақиби Трамп яъне Бойден ҳимоят кунад.

 

Барчасп